Вебинари ду рӯза дар самти гендерӣ аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд
Бонки Осиёии Рушд вебинари дурӯза дар мавзӯи "Сармоягузории занон: пешбурди рӯзномаи гендерии тағирёбанда дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ дар муҳити пас аз COVID-19"-ро бо иштироки мутахассисони байналмилалии соҳаи гендерӣ рӯзҳои 9-10 марти соли 2022 ташкил кард. Дар вебинари мазкур кормандони Лоиҳа иштирок карда, аз таҷрибаи сармоягузории Бонки Осиёии Рушд ба занон дар давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Армения, Озарбойҷон ва Тоҷикистон шинос шуда, таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт ва ба фаъолияти занону духтаронро дар он даврон омӯхтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вебинари мазкур масъалаҳои паст кардани сатҳи бекории занону духтарони аз ҳисоби ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар, сармоягузории онҳо дар шароити нави иқтисоди пас аз коронавирус ва самтгирии фаъолият ба фаъолияти дурдаст (удалённая работа) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд