Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардидааст. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд сохта шудааст.

Шароити муҳайёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 240 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ ва хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Марказ фаро гирифта шаванд.

Дар маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 30 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.

Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамояд. Ҳамчунин бино бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид