Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ВОХӮРӢ ҶИҲАТИ ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ВАЗОРАТИ ҚУВВАҲОИ ИНСОНИИ ИНДОНЕЗИЯ

Кормандони лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба Ҷумҳурии Индонезия ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи методологияи таълим дар асоси салоҳият дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Сафари корӣ аз вохӯрӣ бо Вазорати қувваҳои инсонии Ҷумҳурии Индонезия оғоз гардид. Зимни вохӯрӣ намонядагони Ҷумҳурии Индонезия таҷрибаи муваффақи татбиқ намудани методологияи таълим дар асоси салоҳият дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ, рушди малакаҳои инсонӣ, тақвияти ҳамкории мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ бо бозори меҳнат ва корфармоён дар мисоли Ҷумҳурии Индонезия инчунин дигар масъалаҳои муҳим ба кормандони лоиҳа муаррифӣ гардид.
Дар навбати худ кормандони лоиҳа ба намояндагони Вазорати қувваҳои инсонии Ҷумҳурии Индонезия доир ба лоиҳа ва самтҳои фаъолияти он маълумот манзур намуданд.
Дар ҳошияи сафар ҳамарӯза чунин вохӯриҳо бо дигар сохторҳои Вазорати қувваҳои инсонии Ҷумҳурии Индонезия, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои мубодилаи афкор дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид