ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Аз 26 то 29 ноябри соли 2024 дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ “Оид ба истифодаи маълумот барои таҳлил ва ҳисоботдиҳӣ дар бораи бозори меҳнат, системаи қабули қарорҳо дар асоси махзани маълумот, фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” барои кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Маркази таълими калонсолон баргузор гардид.
Ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони лоиҳа рӯнамоиҳо доир ба: манбаҳои иттилоот дар бозори меҳнат ва миёнаравӣ дар бозори меҳнат, таҳлили бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири равандҳои муҳоҷират ба бозори меҳнат, татбиқи методологияи ТАС вобаста ба ҳар як касб (ихтисос), маҳзанҳои иттилоотии мавҷуда дар бозори меҳнат, тартиби гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи бозори меҳнат ва ғайра пешниҳод карда шуданд.
Ҷоиз ба ёдоварист, ки бинобар зиёд будани шаҳру ноҳияҳои ин вилоят кормандони низоми вазорат барои ба пуррагӣ ҷалб шудан ба омӯзиш ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Баргузории чунин омӯзиш барои гурӯҳи дуюм моҳи декабри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд