ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИР БА МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ
10 декабри соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон –Дилрабо Мансурӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора аз Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар боздид намуданд. Зимни ташрифашон муҳтарам муовини Сарвазир бо шарту шароити марказ, таҷҳизот ва синфхонаҳои таълимиву амалӣ, устохонаҳои таълимии касбҳои “Барқчӣ”, “Кафшергари газию барқӣ”, “Челонгар-техники санитарӣ”, “Нерӯи офтобӣ”, “Андовачӣ” ва синфхонаҳои забономӯзӣ шинос шуданд.
Ҳамзамон аз ҷараёни баргузории омӯзиш аз рӯйи касбҳои зикргардида дидан намуда бо таълимгирандагони марказ суҳбат доштанд. Дар фарҷом ба таълимгирандагон муваффақият ва омӯзиши хубро таманно доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд