ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
13 апрели соли ҷорӣ дар Меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд. Зимни суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд, Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва дигар шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳор намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин дар баромади худ равиш ба таҳияи Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро муаррифӣ намуда, вобаста ба рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ, берунӣ ва экологӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор инчунин рушди шуғли фосилавӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар карданд.
Ҳамзамон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ оид ба баррасии равандҳои рақамикунонии баҳисобгирии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ баромад намуданд.
Зимни форуми озод иштирокиён ҳарду рӯнамоиҳоро муҳокима намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба мавзӯъҳои иброз карданд. Шарикони рушд ва донорҳо Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 хуб арзёбӣ намуда, омодагии хешро барои дастгирӣ дар татбиқи он баён карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд