ТАШРИФИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
20 майи соли 2022 ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” миссияи Бонки Осиёии Рушд вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва чораҳои муҳофизатӣ дар ҳайати коршиносону мутахассисони байналмилаливу маҳаллӣ - Юкихиро Шибуя, сармутахассис оид ба рушд - Кйоко Уэматсу, мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист - Моҳаммад Рафи Юсуфзай, мутахассис оид ба чораҳои муҳофизатӣ - Файзулло Қудратов ташриф оварданд.
Зимни ташриф миссия менеджери лоиҳа рӯнамои хешро аз ҷараёни рафти иҷрои корҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва чораҳои муҳофизати он ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ муаррифӣ карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии се маркази рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара ва се маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияи Восеъ бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба нақша гирифта шудааст. Марказҳои мазкур ба рушди донишу малакаҳои ҷавонони бекор ва занон равона карда шуда, ҷиҳати дарёфти ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнат мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, ҳайати миссия дар якҷоягӣ бо мутахассисону мушовирони лоиҳа аз қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва Данғара дидан карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд