САФАРИ МУТАХАССИСОНИ ЛОИҲА

25 апрели соли 2025 ҳайати мутахассисони Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" бо сардории менеҷери Лоиҳа - Сафаров Далер ба Донишгоҳи Аҷу Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар доштанд.
Дар ҳошияи сафар кормандони Лоиҳа бо муовини якуми ректори донишгоҳи номбурда, профессор, доктори илмҳои иҷтимоӣ - Ким Бёнг Кван ва мушовири ректор, декани факултаи филологияи кореягӣ ва менеҷмент - Пак Сан-У вохӯрданд. Мақсади сафар ҷалби омӯзгорони забони кореягӣ ба марказҳои рушди малакаҳову марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ тибқи барномаи EPS-Employment Permit System, яъне Низоми иҷозатдиҳии корӣ мебошад. Зимни вохӯрӣ аз он ҷумла қайд гардид, ки дар марказҳои Лоиҳа шаҳрвандон курсҳои касбомӯзиро тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият омӯхта, ҳамчунин забони кореягиро дар сатҳи заминавӣ (муошират) аз худ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд