БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ВОБАСТА БА ЧОРАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ АЗ ҶОНИБИ МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
23 майи соли 2022 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” тренинг вобаста ба риояи талаботи Сиёсати чораҳои муҳофизатии Бонки Осиёии Рушд доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист дар татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк маблағгузоришаванда аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ барои мутахассисони лоиҳа баргузор гардид.
Дар тренинги мазкур сиёсати Бонки Осиёии Рушд доир ба ҳифзи муҳити зист ва таҷрибаи пешгирии расонидани зарар ба экология зимни анҷоми корҳои сохтмонӣ, алалхусус қоидаҳои бартарафкунии партовҳои зарарноки кимиёвӣ ва ғайра ба мутахассисон ироа карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисони лоиҳа зимни кор санаду меъёрҳои ҳам маҳаллӣ ва ҳам байналмилалиро доир ба масъалаҳои зикршуда риоя карда, тибқи талабот ба созмони маблағгузор ҳисобот пешниҳод мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд