ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ КОРӢ

26 апрели соли 2025 мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар идомаи сафари кориашон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии шарқшиносонии шаҳри Тошканд - Шорух Салимов вохӯрданд.
Зимни вохӯрӣ менеҷери лоиҳа - Сафаров Далер аз он ҷумла қайд карданд, ки дар марказҳои рушди малакаҳову марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар доираи омӯзиши касби коргарӣ азхудкунии забони кореягӣ дар сатҳи заминавӣ (муошират) ба роҳ монда шудаанд. Ҷалби омӯзгорони забони кореягӣ ба марказҳои Лоиҳа аз донишгоҳҳои Ӯзбекистон яке аз ҳадафҳои тақвияти муносибатҳои мутақобилан судманд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд