ИШТИРОК ДАР

01 майи соли 2025 дар боғи фарҳангиву фароғатии “Куруши Кабир” ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид. Дар кори ярмаркаи мазкурро вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини вазир - Шаҳноза Нодирӣ иштирок намуданд. Мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” низ иштирок намуда, ба шаҳрвандон марказҳои рушди малакаҳову касбосӯзиву хизматрасониро муаррифӣ карданд. Ба ҳамагон вобаста ба курсҳои касбомӯзӣ, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, забономӯзӣ дар доираи касб тарғибот карданд.
Бартарияти омӯзиш дар марказҳои Лоиҳа дар он аст, ки тибқи методологияи навовар дар асоси салоҳият гузаронида мешаванд, яъне дар ин низом диққати бештар ба донишу малака, маҳорат ва муносибат ба кор дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд, дар дилхоҳ марказҳои мо комилан ройгон ба курсҳои касбомӯзӣ шомил шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд