Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

28 майи соли 2025 Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ингминг Янг ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакомото аз ҷараёни сохтмони Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Зимни боздид ҷаноби Янг аз шарту шароитҳои маркази бунёдшаванда, маводҳои таълимии таҳияшуда, курсҳои касбомӯзии пешниҳодшаванда шинос шуданд. Менеҷери лоиҳа Сафаров Далер қайд карданд, ки дар маркази мазкур ба хоҳишмандон курсҳои касбомӯзии соҳаи сайёҳӣ аз он ҷумла: роҳбалад, маъмури меҳмонхона, маъмури тарабхона, хизматгузори меҳмонхона ва пешхизмат барои омӯзиш ба таври ройгон пешниҳод карда мешаванд. Барои заноне, ки касбҳои ғайрианъанавӣ аз худ мекунанд, идрорпулӣ (стипендия) пешбинӣ шудааст.
Дар фарҷом ҷаноби Янг аз сатҳу сифати сохтмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид