ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

29 майи соли 2025 Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ингминг Янг ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакомото ба Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Ҳадаф аз ташрифи эшон шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар марказ, ҷараёни баргузории курсҳо, стандартҳои салоҳият, барномаҳо ва маводҳои таҳиягардида дар доираи лоиҳа буд.
Зимни боздид ҷаноби Янг ҳамзамон аз рафти дарсҳои амалӣ дар устохонаҳои таълимӣ дидан намуда, аз кордонии баҳрагирандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар фарҷом меҳмонон дар фаъолияти минбаъда ба ҳамагон бурдборӣ таманно намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд