113-УМИН СЕССИЯИ КОНФРОНСИ

Айни замон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария 113-умин сессияи Конфронси байналмилалии меҳнат баргузор гардида истодааст. Дар кори сессияи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Холмаҳмазода Солеҳа, менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” -Далер Сафаров ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок карда, маърӯзаҳо вобаста ба бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар мавзӯъҳо вобаста ба ин самт ба ҳозирин ироа намуданд.
Ҳамасола дар кори сессия намояндагони давлатҳои узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҷамъ шуда, роҷеъ ба иҷроиши Конвенсия ва тавсияҳои ТБМ ҳисобот медиҳанд ва дигар мавзӯъҳои мубрамро вобаста ба самти меҳнат муҳокима менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд