СЕМИНАРИ 2 РӮЗА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛИИ КАСБҲОИ КОРГАРӢ
Рӯзҳои 26-27 майи соли 2022 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортмаъминшавӣ” семинари ду рӯза ҷиҳати таҳияи харитаҳои функсионалии касбҳои “Роҳбалад бо донистани забонҳо”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ” ва “Барқчӣ” бо иштироки коршиносону экспертон аз вазорату идораҳо, ассотсиатсия ва корфармоёни соҳавӣ баргузор гардид. Дар асоси натиҷаи семинари мазкур харитаҳои функсионалӣ барои касбҳои болозикр таҳия гардида, дар асоси онҳо стандартҳои салоҳият, барнома ва маводҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар Марказҳои рушди малакаҳои пешбинигардида мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт: энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва сохтмон амалӣ карда мешавад. Вобаста ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҷиҳати таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши малакаҳои касбӣ ва истифодаи онҳо дар Марказҳои рушди малакаҳои пешбинигардидаи Лоиҳа, касбҳои сабзавоткор, коргари коркарди мева ва сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, васлгар ва таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, таъмиргари ҳисобкунакҳои барқӣ, хизматгузори меҳмонхона, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, маъмури тарабхона, роҳбалад бо донистани забонҳо омӯзонида мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд