БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ҚАТАР БА

21 августи соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода С., менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имокниятҳои бокортаъминшавӣ” - Сафаров Д. бо намояндагони Қатар дар Маркази ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмонон аз шароитҳои дар марказ фароҳамгардида, синфхонаҳои забономӯзӣ, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, алалхусус устохонаи коркарди меваю сабзавот аз наздикӣ шинос шудаанд. Эшон аз он ҷумла қайд карданд, ки марказ дорои таҷҳизоти замонавӣ буда, ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ташриф меҳмонон ба хатмкардагони марказ, ки аз баҳодиҳии ниҳоӣ гузаштаанду ҳамчун босалоҳият арзёбӣ гардидаанд, шаҳодатномаҳои хатм тақдим карданд.
Дар фарҷоми ташриф меҳмонон қаноатмандии хешро аз шароити марказ, ки барои соҳибкасб шудан имконияти хуб медиҳад изҳор намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни ду давлат таманниёт намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд