ДАР ЛОИҲА ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛИИ 3 КАСБИ ДИГАР ГУЗАРОНИДА ШУД.
Рӯзҳои 31 май ва 1 июни соли 2022 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортмаъминшавӣ” семинари ду рӯза ҷиҳати таҳияи харитаҳои функсионалии касбҳои “Маъмури меҳмонхона”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ” ва “Андовачӣ” бо иштироки коршиносону экспертони аз вазорату идораҳо, ассотсиатсия ва корфармоёни соҳавӣ баргузор гардид. Таҳлили харитаҳои функсионалӣ касбҳои болозикр имконияти таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаву маводҳои таълимиро дар асосашон медиҳад.
Дар Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар бахши сохтмон курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи барномаи пеш аз бакорқабулшавии шаҳрвандон аз рӯи касбҳои барқчӣ, кафшергар ва андовачӣ ва дигар хизматрасониҳо пешниҳод карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат дар асоси равиши методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) таҳия ва амалӣ карда мешаванд. Методологияи мазкур дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ҷорӣ ва озмоиш гардидааст. Тавре маълум аст, мутобиқи талаботи методологияи нави таълим дар асоси салоҳият (ТАС) ҷиҳати муайян намудани талаботи соҳа оид ба аз худ намудани малакаҳои зарурӣ барои ҳар як касб бояд таҳлили функсионалии касбҳо гузаронида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд