ТАШРИФИ КОРМАНДОНИ САФОРАТИ ҶОПОН БА

15 сентябри соли 2025 намояндагони Сафорати Ҷопон ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмонон аз шароитҳои дар марказ фароҳамгардида, синфхонаҳои забономӯзӣ, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ аз наздик шинос шудаанд. Эшон аз он ҷумла қайд карданд, ки марказ дорои таҷҳизоти замонавӣ буда, ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Фонди Ҷопонӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (JFICT) дар Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” саҳмгузор мебошад. Бо дастгирии фонди мазкур “Низоми пайгирии баҳрагирандагон” сохта шудааст.
Дар фарҷоми ташриф меҳмонон қаноатмандии хешро аз шароити марказ, ки барои соҳибкасб шудан имконияти хуб медиҳад изҳор намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни ду давлат таманниёт намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд