Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

КОРМАНДОНИ САФОРАТИ ҶОПОН АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО,

17 сентябри соли 2025 намояндагони Сафорати Ҷопон ба Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Меҳмонон бо синфхонаҳо, устохонаҳои таълимии истеҳсолии касбҳои “Хизматгузори меҳмонхона”, “Пешхизмат”, “Челонгар-техники санитарӣ”, маркази нигоҳубини кӯдак ва ғайра аз наздик шинос шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки меҳмонон ба стандартҳои салоҳият, барнома ва модулҳои касбии дар доираи лоиҳа таҳияшуда, диққати махсус зоҳир карда, ба он баҳои аъло доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Фонди Ҷопонӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (JFICT) дар Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” саҳмгузор мебошад.
Дар фарҷоми ташриф меҳмонон қаноатмандии хешро аз шароити марказ, ки барои соҳибкасб шудан имконияти хуб медиҳад изҳор намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни ду давлат таманниёт намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид