Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛИИ БОЗ ДУ КАСБИ ДИГАР ДАР ЛОИҲА БАРГУЗОР ГАРДИД.

2-3 июни соли 2022 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортмаъминшавӣ” семинари ду рӯза ҷиҳати таҳияи харитаҳои функсионалии касбҳои “Маъмури тарабхона" ва “Таъмиргари ҳисобкунакҳои барқӣ” бо иштироки коршиносону экспертон аз вазорату идораҳо, ассотсиатсия ва корфармоёни соҳавӣ баргузор гардид. Таҳлили харитаҳои функсионалии касбҳои номбурда дар заминаи Таълим дар асоси салоҳият бо усули “DACUM” гузаронида шуд.
Усули “DACUM” мухтасар аз “developing a curriculum” буда, маънояш “таҳияи барномаҳои таълимӣ” мебошад. Он имконияти хуби таҳлили самараноки касбро дар муҳлати кутоҳ медиҳад. ширкатҳои бонуфузи рӯйи дунё ба мисли: Toyota, Motor cycles, Ford ва ғ. Дар кори худ ин усулро истифода мебаранд.
Зимни семинар коршиносону намояндагони касб функсия ва вазифаҳоеро, ки ҳангоми пешбурди кор иҷро мекунанд, таҳлил карда, харитаи функсиоанилии касбро таҳия мекунанд.
Дар асоси харитаҳои функсионалӣ фасилитаторон дар якҷоягӣ бо мутахассисони лоиҳа стандартҳои салоҳият ва барномаву маводҳои таълимиро таҳия ва барои истифодабарӣ дар Марказҳои рушди малакаҳо ҷорӣ месозанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид