СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ "БАҲОДИҲӢ ДАР МЕТОДОЛОГИЯИ ТАС"
Рӯзҳои 8-12 декабри соли 2025 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Баҳодиҳӣ дар методологияи ТАС" барои корфармоёни шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар доираи семинари номбурда ба корфароёне, ки барои баҳодиҳии малакаҳои касбии баҳрагирандагони Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ҷалб мешаванд, мафҳуму муҳтавои методологияи Таълим дар асоси салоҳият, стандартҳои салоҳият, барнома ва модулҳои ба он асосёфта, низоми таъмини сифат ва эътирофи тахассусҳо, тадқиқот оид ба масъалаҳои тасдиқи тахассус ва бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, нақши корфармоён дар омӯзиш ва баҳодиҳӣ дар асоси ТАС ва инчунин манфиатҳои арзёбии салоҳият барои корфармоён ва кормандон рӯнамоӣ карда шуд.
Ба корфармоёне, ки дар семинар фаъолона иштирок карда, таълим дар асоси салоҳиятро хуб аз худ карданд, сертификат дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд