Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАР IT-PARK ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

Санаи 18-уми декабри соли 2025 дар бинои IT-park-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои нав баргузор гардид. Дар кори ярмаркаи мазкур вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини якуми вазир - Каримзода Насим ва муовини вазир- Ашурализода Абдурамҳон иштирок намуданд. Инчунин, мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва машваратчиёни Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба шаҳрвандон роҷеъ ба хизматрасониҳои дар марказҳои рушди малакаҳову касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ пешниҳодшаванда маълумот доданд. Ба иштирокчиёни ярмарка вобаста ба курсҳои касбомӯзӣ, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, забономӯзӣ дар доираи касб ва омӯзиши малакаҳои нарм тарғибот гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзиш дар марказҳои Лоиҳа тибқи методологияи навовар дар асоси салоҳият ба роҳ монда шуда, диққати бештар ба донишу малакаҳои амалӣ, маҳорат ва муносибат ба кор дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд, дар дилхоҳ марказҳои Лоиҳа комилан ройгон ба курсҳои касбомӯзӣ шомил шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома гарданд.
Ҳамзамон ба занону духтароне, ки касбҳои ғайрианъанавиро аз худ карда, соҳибкасб мегарданд, идрорпулӣ (стипендия) дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид