ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ
08 июни соли 2022 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Амонзода Ширин Шодӣ дар МДТ “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав” Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд, мутасаддӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби бонк маблағгузоришаванда дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ - муҳтарам Шиксин Чен ва кормандони Намояндагии БОР дар Тоҷикистонро пазируфтанд. Ҷаноби Чен зимни сафари кории худ ба Шаҳринав аз корҳои таъмиру барқарорсозии баанҷомрасонидашуда, таҳвил ва насби таҷҳизоти таълимӣ ба литсей дар доираи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” дидан карданд. Вазир дар якҷоягӣ бо меҳмонон аз ҷараёни дарсҳои назариявӣ ва амалии муассиса боздид ба амал оварданд. Ҳамчунин ҷаноби Чен таълимгирандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои компютерӣ даъват карда, иброз доштанд, ки забондонӣ барои пайдо намудани мавқеи худ дар арсаи милливу байналмилалӣ мусоидат мекунад. Дар анҷом муҳтарам Ширин Шодӣ ва муҳтарам Шиксин Чен ба таълимгирандагон дар хонданашон бурдбориҳо хостанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд