ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ ЮНЕСКО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО
Дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” вохӯрии менеҷери лоиҳа Сафаров Далер бо намояндагони Лоиҳаи муштараки ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо Маргарет Сач - Сардори шӯъбаи таълими сифати фарогири Бюрои минтақавии маорифи Осиё ва Уқёнуси Ором дар ЮНЕСКО Бангкок, Ҳиромичи Катаяма - мутахассиси барномаҳои шӯъбаи ҷавонон, саводнокӣ ва рушди маҳорат дар ЮНЕСКО Париж, Нурбек Телешалиев, мутахассиси Барномаи таълим дар Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато, Сумая Мағнуҷ - коршиноси ислоҳоти барномаи таълимӣ ва сиёсати арзёбӣ дар ЮНЕСКО Бангкок, Владимир Бриллер – мушовири байналмилалӣ, Анна Ермакова – Мушовири пешбари байналмилалӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногунро вобаста ба омӯзиш дар асоси салоҳият, низоми таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон ва ғайраро баррасӣ намуданд. Алалхусус, менеҷери лоиҳа аз натиҷаҳои бомуввафақияти татбиқи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”, таҷрибаи таҳияи харитаҳои функсионалӣ, стандартҳои салоҳият, барнома ва маводҳои таълимӣ барои 17 касби коргарӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои ҳадафӣ, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ сухан карданд.
Ҳамзамон, дар бораи ҳадафу мароми Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, сохтмони марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, курсҳои омӯзишӣ, таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар сухан намуда, аз он ҷумла қайд карданд, ки аллакай харитаҳои функсионалии 8 касби коргарӣ бо иштироки коршиносон аз вазорату идораҳо, ассотсиатсия ва намояндагони ташкилоти гуногун таҳия шудаанд.
Намояндагони ЮНЕСКО қайд карданд, ки дар доираи лоиҳаашон ба омӯзиши муаллимон дар асоси салоҳият ва таҳияи китобҳои дарсӣ аз рӯйи фанҳои табиӣ-риёзӣ, технологияҳои компютерӣ ва муҳандисӣ кор мебаранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда дар тақвияти рушди таҳсилоти касбӣ иброз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд