Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА МУҲОҶИРОН

Дар доираи татбиқи лоиҳа сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 3 марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва ноҳияи Восеъ бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи замони мусоир ба нақша гирифта шудааст. Марказҳои мазкур ба муҳоҷирон хизматрасониҳои ҳамаҷониба расонида, ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои касбиашон тавассути омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб мекунад. Ин ташаббус на танҳо малакаҳои касбии муҳоҷирон, балки имкониятҳои бокортаъминшавии онҳоро барои дарёфти ҷойи кори беҳтар ва шароити бехатар дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна баланд мебардорад.

Тарҳи биноҳои марказҳо 4 ошёна буда, дар дохилашон ҳуҷраҳои машваратӣ, синфхонаҳои омӯзишӣ, толорҳои бисёрфунксионалӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид