Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

28 июни соли 2022 ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин Шодӣ, менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ва намояндагони Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин вобаста ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ҷиҳати шартномабандӣ ва азхудкунии маблағҳо шунида шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳо дода шуда, вобаста ба масъалаҳои рўзнома нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ барои нимсолаи дуюми 2022 қабул гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид