ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВАЗОРАТИ ШУҒЛ ВА МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ЛОИҲА
Дар доираи сафари кории Ҳайати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сохторҳои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 29 июн то 2 июл сурат хоҳад гирифт, бо роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода Абдулғаффор 29 июни соли 2022 ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ташриф ба амал оварда шуд.
Зимни ташрифи ҳайат менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер рӯнамоӣ дар бораи ҳадафу мароми Лоиҳа, корҳои банақшагирифташуда ва сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва марказҳои рушди малакаҳои дар пешбударо ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Инчунин менеҷери лоиҳа зимни баромади хеш аз моно-марказҳои “Ишга мархамат”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдоварӣ шуда, аз он ҷумла қайд карданд, ки таҷрибаи давлати ба мо дӯсту бародари Ӯзбекситон барои рушди кор дар самти ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва бадин васила ҷалби бештари ҷавонону занон ба касбомӯзӣ ва баланд бардоштани рақобатпазириашон дар бозори меҳнат дар оянда беназир аст.
Дар навбати худ муовини вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Мухитдинов Эркин омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар мубодилаи таҷриба ва афкор бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” иброз намуданд.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода Абдулғаффор пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо созишномаи сеҷониба таҳия ва ба имзо расонида шаванд, ки ҷонибҳо ин ғояро хуб пазируфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд