Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАСТГИРИИ ЗАНОН ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БЕҲТАРСОЗИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БОКОРТАЪМИНШАВӢ”

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои рушди занон ва фаъолияти онҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар имконияти хубро фароҳам овардааст.
Дар Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортъаминшавӣ” низ барои дастгирии занон ҷиҳати ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои касбӣ шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
Сохтмони марказҳои рушди малакаҳо барои занон ва шахсони имконияташон маҳдуд имконияти хуби дастрасии баробарро ба омӯзиш, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва дарёфти мавқеи хеш дар бозори меҳнат ва ба ин васила беҳтарсозии шароити иқтисодӣ имконияти хуб медиҳанд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии занон дар доираи татбиқи Лоиҳа барномаи идрорпулӣ (стипендиявӣ) низ пешбинӣ шудааст. Идрорпулӣ ба занони корҷӯе, ки аз рӯи ихтисосҳои муайян ба омӯзиш ҷалб мегарданд, дода мешавад. Инчунин дар назди марказҳои номбурда барои мусоидат ба касбомӯзии занон хобгоҳҳои замонавӣ ва марказҳои нигоҳӯбини кӯдак ба истифода дода мешаванд.
Инчунин, зимни таҳияи стандартҳои салоҳият, барнома ва маводҳои таълимӣ барои касбҳои интихобшудаи Лоиҳа ҷанбаъҳои гендерӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид