Методологияи таълим дар асоси салоҳият тақозо менамояд, ки ҷиҳати таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии вазифа ва ӯҳдадориҳои касб тариқи ташкили панели коршиносон бо истифода аз усули DACUM (кӯтоҳшудаи «Developing a curriculum», ки маънои «таҳияи барномаҳои таълимӣ»-ро дорад) гузаронида шавад. Панели коршиносон бо усули DACUM ин семинари дурӯза буда, дар он коршиносон/мутахассисон аз корфармоён, ассотсиатсияҳо ва вазорату идораҳо соҳавӣ даъват гардида, давоми ду рӯз вазифа ва ӯҳдадориҳои меҳнатӣ, маҷмӯи дониш, маҳорату малака, сифатҳои касбии зарурӣ, номгӯи асбобу таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ барои касбро муайян намуда, харитаи функсионалии касбро таҳия менамоянд. Тибқи талаботи методологияи нави таълим, харитаи функсионалии касб бояд аз экспертизаи соҳа гузаронида шавад, то ки талаботи воқеии бозори меҳнат ҳангоми муайян намудани мундариҷаи омӯзиш ва таҳияи стандарти салоҳият, барнома ва маводҳои таълимӣ вобаста ба касб ба назар гирифта шавад.
Аз ин лиҳоз, дар доираи методологияи ТАС харитаҳои функсионалии ҳар як касб аз экспертизаи коршиносони соҳавӣ гузаронида шуда, хулосаи расмии корфармоён, ассотсиатсияҳо ва вазорату идораҳо соҳавӣ гирифта мешавад.
Ташкилоти байналмилалие, ки усули DACUM-ро ,барои рушди корашон истифода мебаранд: Boeing, Kodak, Energizer, Heinz, Honda, General Motors, Motorola, Toyota, Walt Disney World