Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Стандарти салоҳият

Стандарти салоҳияти касб – ин ҳуҷҷатест, ки талаботи меъёрии ҳадди ақалли дониш, маҳорат, малака ва муносибат (яъне салоҳиятҳо), ки барои дараҷаи муайяни тахассуси касбӣ заруранд, муайян мекунад ва шахс онҳоро бояд дар ҷойи кор дар ҳолатҳои стандартӣ ё тағйирёбанда нишон диҳад. Ҳар як кор мумкин аст, аз стандарти муқарраргардида баландтар иҷро карда шавад, дар ҳеҷ сурат на пасттар аз он. Стандарти салоҳият ба корфармо барои муайян намудани мутобиқатии сатҳи тахассуснокӣ ба талаботи истеҳсолот ёрӣ мерасонад ва маҳорати касбии намоишдодаи шахсро эътироф намуда, доимӣ нигоҳ доштани стандарти олии касбии ӯро тасдиқ менамояд.
Стандарти салоҳият дар асоси харитаи функсионалие, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони баландихтисос аз вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳо ва корфармоёни соҳавӣ омода ва экспертиза карда шудааст, таҳия карда мешавад. Инчунин, методологияи ТАС тақозо менамояд, ки стандарти салоҳият низ дар ҳамкории зиҷ бо коршиносони соҳавӣ таҳия гардад, то ки функсия ва вазифаҳои меҳнатӣ, алалхусус малакаҳои зарурие, ки дар бозори меҳнат барои амалӣ намудани касби мазкур заруранд, муайян карда шаванд ва ҳамзамон сифати омодасозии кардҳои коргарӣ кафолат дода шавад.
Мутобиқи талаботи методологияи ТАС ҳар як стандарти салоҳият аз экспертизаи корфармоён ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ гузаронида шуда, бо вазорату идораи дахлдор мувофиқа карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи "Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш 17 стандарти салоҳияти касбҳо таҳия ва тасдиқ шуданд.
Дар доираи Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" бошад, таҳия ва тасдиқи 18 стандарти салоҳияти касбҳо дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид