ТАБРИКОТ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба 31-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз менеҷери Лоиҳа мутахассисонро бо ин ҷашни миллӣ табрик намуда, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар устувории сулҳу субот, пойдории давлату ҳукумат қайд намуданд. Истиқлолият ганҷи беназире аст, ки Тоҷикистон онро дар таърихи давлатдории хеш ба даст овардааст.
Маврид ба зикр аст, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик ганҷи беназир буда, имконияти муттаҳид шудан зери парчами миллии худро дар натиҷаи заҳмати нотакрори Президенти кишвар ва сокинони баномусу шердили ватанро дод.
Маҳз сиёсати сулҳдӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо ҳар яки мо дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллӣ озодона кору фаъолият мекунем.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд