МАРКАЗҲОИ РУШДИ МАЛАКАҲО
Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар се соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт миллӣ: сайёҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар доираи татбиқи лоиҳа 3 маркази рушди малакаҳо барои баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон, занони корҷӯ ва муҳоҷирони баргашта сохта ва муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Сохтмони марказҳои мазкур барои омӯзонидани кадрҳои коргарӣ барои соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, барои соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва барои соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара дар назар аст. Дар онҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои хоҳишмандон пешниҳод карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд