ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ
Дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии тоҷикистон 14 сентябри соли 2022 маҷлиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ, менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ҷаласаро оғоз намуда, муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қайд карданд ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати пешгирии исрофкорӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар қабул гардидани қонуни мазкур иброз доштанд.
Зимни ҷаласа муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуда, моддаҳои 5.1, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13 ва 14 аз он ҷумла ҷашнгирии “Зодрӯз”, “Маросими дафну азодорӣ”, “Тӯйи домодию арӯсӣ”, “Маросими ҳаҷ”-и қонуни мазкур мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифта, ба ҷавобгарӣ кашидани аҳолӣ дар ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни номбурда ба ҳамагон фаҳмонда шуд.
Даъват карда шуд, ки зимни баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳо аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи талаботи ҳамин Қонун пайравӣ намуда, барои иҷроиши бечунучароии он аз ҷониби аҳли оила ва хешовандони наздик бетараф набошем. Зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд