Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАР ДАР БОРАИ СБТМ-08

   15 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Назария ва амалияи Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-08 ва татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ ва кормандони ГИЛ баргузор гардид. Семинари мазкур таҳти модератории муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадуллозода Нурулломенеҷери Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” –Сафаров Далер, ҳамоҳангсози СБТМ, мушовири миллии СБТМ баргузор гардид.
   Чорабинии мазкурро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадуллозода Нурулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуда, пешниҳод доштанд, ки дар кори семинар фаъолона иштирок карда, пешниҳоду эродҳои хешро вобаста ба мавзӯи рӯзмарра иброз намоянд.
   Дар раванди семинар мутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ – Насритдинов Олимҷон лоиҳаро муаррифӣ карда, вобаста ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии низоми Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (СБТМ-08/ISCO-08): зарурати ташаккули низоми миллии тахассусҳо, ҳадаф ва мароми Таснифоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи СБТМ-08, вазифаҳо вобаста ба татбиқи “Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ТМҶТ) ва таҳияи номгӯйи касбҳо, ташаккули заминаи рақамии ТМҶТ ва пайвасти он бо порталҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тарҷумаи СБТМ-08 ба забони тоҷикӣ, бозбинию азнавкунӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бошад, ҳамоҳангсози СБТМ-08 – Маликов Таваккал баромад намуда, мавзӯи пешниҳодшударо пурра кушоданд.
   Дар анҷом иштирокчиёни семинар вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ карда, омодагиашонро ҷиҳати расонидани мусоидат дар мутобиқсозии СБТМ-08 ва таҳияи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон иброз доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид