КАСБИ “ТАЪМИРГАРИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ”
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор рафта, барои пешбурд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳар як суханронӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар ба масъулин бобати рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд кардани истеъмоли маҳсулот, васеъ кардани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тадриҷан амалӣ мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии кишвар бо озуқа чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Дар ин ҷода техникаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷое, ки техника ҳаст ниёз ба хизматрасонии он низ ҳаст. Барои бартараф намудани носозиҳои техникаи кишоварзӣ мутахассис оид ба таъмири он лозим аст.
Таъмиргари техникаи кишоварзӣ коргари сохибихтисоси дорои профили васеъ мебошад, ки кори таъмири тракторҳо, комбайнҳо ва мошинаҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот, танзими агрегату механизмҳои васлкунӣ, диагностикаи техникии мошинаҳоро иҷро мекунад. Муайян кардани сабабҳо ва бартараф намудани нуқсонҳои кори қисмҳои онҳо, насб ва демонтажкунии муҳаррик, коркарди қисмҳои оҳанӣ, васл кардани қисмҳо, тафтиши сифати кори иҷрошуда ва ғайраҳоро иҷро мекунад.
Дар баробари ин, намояндаи ин касб бояд дорои саломатии хуб, ҳаракати зуди ангуштон дошта мушоҳидакор бошад. Малакаҳои азхуд кардани донишҳои нав ва исифодабарии он зимни кор, тақсимоти диққат зимни иҷрои якчанд фаъолият, зудамал ва корчаллон бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд