КАСБИ “АНДОВАЧӢ” ВА ТАЛАБОТ БА ОН ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ
Андовачӣ – коргари сохтмон оид ба андовагарӣ ва руйкашкунии сатҳи биноҳо ва иншоотҳо буда, корҳои зеринро иҷро менамояд: барои кор омода намудани сатҳи деворҳо, тайёр намудани маҳлулҳо барои намудҳои гуногуни андовакунӣ, андовакунӣ ва руйкашкунии сатҳи биноҳо ва иншоотҳо, рангуборкунӣ ва ғайра. Инчунин, андовачӣ ӯҳдадор аст - меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, талабот оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро ҳангоми кор риоя намояд. Зимни кор андовачӣ метавонад аз таҷҳизоти махсус истифода барад ё амалҳояшро дастӣ иҷро кунад.
Номи касби мазкур аз калимаи итолиёвии stucco гирифта шуда, маънояш “молидан, рӯйпӯш кардан” мебошад. Яъне истилоҳи мазкур фаъолияти рӯйпӯш ва ҳамвор кардани сатҳро ба ҳам як кардааст.
Тибқи маълумоти таърихӣ, ин намуди фаъолият ҳанӯз дар замони Мисри Қадим, тақрибан 5 ҳазор сол пеш аз милод пайдо шудааст. Коргарон ба ҳамвор кардани сатҳи биноҳои гуногун машғул буданд, ки баъзе намунаи корҳои аввалини андовачиён дар ҳолати хуб то замони мо омада расидаанд.
Касби «Андовачӣ» дар ташкилотҳои сохтмонӣ ва таъмиркунанда амалӣ карда мешавад. Он иҷрои як қатор ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои зиёди маҷмӯи муайяни салоҳиятҳоро талаб мекунад, ки онҳо ба сифатнок ва сари вақт амалӣ кардани фаъолият дар доираи касб имкон медиҳад.
Дар соҳаи сохтмони замони муосир маводи гуногуни рупӯшкунӣ ва сохтмонӣ вуҷуд дорад. Таркиби ҳар яки онҳо ба худ хусусияти хос доранд, ки барои расидан ба натиҷаи ниҳоӣ кӯмак мекунанд. Барои истифодабарии самараноки онҳо дониш ва малакаҳои махсус лозим аст, ки танҳо мутахассисони касби мазкур чунин донишҳоро доранд. Аз ин рӯ, андовачӣ яке аз касбҳои серталабтарини соҳаи сохтмон маҳсуб меёбад.
Шахсе, ки ин касбро аз худ менамояд, имкон пайдо мекунад, ки дар муддати кутоҳтарин соҳиби ҷойи кори муносиб гардад. Одатан, фаъолият дар доираи касбӣ “Андовачӣ” дар гурӯҳ, иборат аз намояндагони касб амалӣ карда мешавад, яъне онҳо дар якҷоягӣ корҳои андовагарӣ ва руйкашкунии объектҳои сохтмониро ба анҷом мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд