Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

«РОҲБАРИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ХУРД»

  Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати офтобӣ буда, иқлими он барои кишту кор ва рушди соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошад. Ҳамчунин иқлими мусоиди ҷумҳурӣ барои гирифтани ҳосил аз замин то се бор имкони хуб медиҳад. Таъми меваҳои тару тоза ва сабзавоти ширадори Тоҷикистон дар тамоми дунё машҳур буда, боигарии бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ - маҳсули меҳнати деҳқонону хоҷагидорон мебошад. Дар пешбурди кори хоҷагидорӣ нақши роҳбари хоҷагии деҳқонӣ махсусан бузург аст.

  Роҳбари хоҷагии деҳқонии хурд як қатор амалкард (функсия)-ҳо ва вазифаҳоро иҷро менамояд, ки маҷмӯи муайяни салоҳиятҳоро талаб мекунад.

  Роҳбари хоҷагии деҳқонии хурд шахсе мебошад, ки мониторинги фаъолияти бозор ва истеҳсолотро барои қонеъ кардани талаботи бозор, шиддат ва пайдарҳамии кор ба нақша мегирад, буҷетҳо, мониторинги истеҳсолот ва хароҷотро таҳия ва идора мекунад. Иттилооти марбут ба амалияи идоракунии кишоварзӣ ва ҳисоботи молиявию амалиётиро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Бо харидорон оид ба ташкили фурӯши зироати мева ва сабзавот бо деҳқонону мизоҷон гуфтушунид мегузаронад. Хоҷагии деҳқониро бо техника, таҷҳизот ва масолеҳи масрафшаванда таъмин менамояд. Токсинҳои экологӣ, алафҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва бемориҳоро ошкор намуда, бар зидди онҳо мубориза мебарад. Гармхона, биноҳои нигоҳдории зироати мева ва сабзавотиро ташкил намуда, бо системаҳои обтаъминкунӣ ва таҷҳизот таъмин менамояд. Ҳамзамон, кормандони хоҷагии деҳқониро интихоб намуда, кори онҳоро назорат ва барои баланд бардоштани тахассуси касбии онҳо мусоидат мекунад. Барои аз худ намудани касби мазкур ва дар ин вазифа фаъолият кардан, занҳо ва мардон баробарҳуқуқ мебошанд.

  Бо мақсади тайёр намудани мутахассисон ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият, ки ба меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, стандарти салоҳиятҳои касби «Роҳбари хоҷагии деҳқонии хурд» дар доираи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и Бонки Осиёии Рушд таҳия шуда истодааст.

  Стандарти салоҳиятҳои мазкур баробарии имкониятҳои касбиро барои духтарон/ҷавонписарон, занон/мардон пешбинӣ намуда, барои тағйир додани қолабҳо ҳангоми интихоби касб ва дар оянда бокортаъминкунии онҳо равона гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид