МАЪМУРИ МЕҲМОНХОНА
Маъмури меҳмонхона шахсе мебошад, ки бошандагони меҳмонхонаро пешвоз гирифта, ба онҳо хизматрасониро вобаста ба бақайдгирӣ, ҷойгиркунӣ ва тақсимоти ҳуҷраҳо мерасонад. Маҳз барои ҳамин дар интихоби маъмури меҳмонхона корфармо диққати махсус медиҳад, зеро аз муносибат ва сифати хизматрасонии маъмур мақоми меҳмонхона вобастагии калон дорад. Дар навбати худ баҳои хуби мизоҷон ба меҳмонхона бошандагони навро ҷалб мекунад, ки ба рушди кори он мусоидат менамояд.
Вазифаи техникии маъмури меҳмонхона иҷрои кору уҳдадориҳои зиёдро металабад, ба мисоли:
· Пешбурди реестри ҳуҷраҳои барои зист дастрас, брон ва тақсимоти ҳуҷраҳо;
· Бақайдгирии меҳмонони воридшуда ва тақсимоти калиди ҳуҷраҳо;
· Эътино кардан ба муроҷиатҳои мизоҷон роҷеъ ба тозакунии ҳуҷра, расонидани хизматрасониҳои иловагӣ ва арзу шикоятҳо;
· Пешниҳоди маълумот вобаста ба хизматрасониҳои меҳмонхона дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
· Қабул ва ирсол намудани мактубҳо ва дигар мукотибот;
· Омодасозии ҳисобот;
· Идоракунии ҳайати кормандон ва кори онҳо;
· Ҳалли ҳолатҳои муноқишавӣ ва ғайра.
Ин баъзе аз вазифаҳое мебошанд, ки маъмури меҳмонхона иҷро мекунад.
Дар баробари ин талабот ба донишу малакаи маъмур низ баланд аст:
· Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва ё дигар забонҳо тибқи талаботи корфармо;
· Истифодабарии озоди компютер, дигар барномаҳои компютерӣ ва интернет;
· Донистани қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба танзим дароварандаи соҳаи меҳмондорӣ, пешниҳоди хизматрасонӣ ва ғайра.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд