ОМӮЗИШ ДАР МАВЗӮИ “ТАКМИЛИ ДОНИШҲО ОИД БА ТАҲИЯИ СТАНДАРТҲОИ САЛОҲИЯТ”
Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2022 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” омӯзиши дурӯза дар мавзӯи “Такмили донишҳо оид ба таҳияи стандартҳои салоҳият” барои таҳиягарони стандартҳои салоҳият ва маводҳои таълимии Лоиҳа баргузор гардид.
Дар кори омӯзиши мазкур роҳбари гурӯҳи мушовирон, мушовири байналмилалӣ оид ба рушди малакаҳо ва ҳамоҳангсоз оид ба омӯзиш рӯнамоиҳоро дар мавзуъҳои шарҳ ва шиносоии умумӣ бо консепсияи методологияи Таълим дар асоси салоҳият, раванд ва муқаррарот дар равишҳо оид ба таҳияи стандартҳо, стандартҳои салоҳияти намунавии минтақавии Созмони Байналмилалии Меҳнат, ҳамоҳангкунии стандартҳо вобаста ба сатҳҳои низом (касбӣ, машғулиятӣ, салоҳият ва малакаҳо), методология ва тартиби таҳияи стандартҳо: касбӣ ва дар асоси салоҳият (таҳлили функсионалӣ, таҳлили касбӣ) ва ғайра пешниҳод намуданд.
Иштирокчиёни семинар бо баромадкунандагон мубодилаи малака карда, донишҳояшонро вобаста ба мавзуъҳои номбурда такмил намуда, таҷрибаи давлатҳои дигарро таҳти баррасиву муҳокима қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд