Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ

   21 декабри соли 2022 ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раёсати муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар кори ҷаласаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин Шодӣ, менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ва намояндагони Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
   Зимни ҷаласа гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин вобаста ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер оид ба иҷроиши корҳои сохтмонӣ, омодашавии стандартҳои салоҳияти 9 касб, шартномабандӣ ва азхудкунии маблағҳо пешниҳоди ҳозирин гашт.
Ҳамзамон иҷроиши бандҳои нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҷониби муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон аз аъзоёни кумита пурсида шуд.
   Дар фарҷом муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба шахсони масъул дастуру супоришҳо дода, вобаста ба масъалаҳои рӯзнома нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ барои нимсолаи аввали соли 2023 қабул гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид