БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР
22 декабри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Бозори меҳнат ва хусусиятҳои хоси он дар шароити муосири рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба кормандони вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузаронида шуд.
Зимни кори семинар иштирокчиён вазъи кунунии бозори меҳнати дохилӣ, механизмҳои фаъолияти бозори меҳнат, мушкилиҳое, ки ҳам корфармоён ва ҳам корҷӯён бо он рӯ ба рӯ мешаванд, муҳокима шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо рушди бемайлони илму техника талабот ба ин ё он касб кам шуда, эҳтиёҷ ба пайдо шудани касбҳои нав ба миён омад. Дар баробари ин, барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат ҳар як фардро зарур аст, ки донишу малакаҳои худро рушд дода, барои омода будан ба дигаргуниҳои замон омода бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд