СЕМИНАР ВОБАСТА БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР БАРОИ ФАСИЛИТАТОРОН/ТАҲИЯГАРОНИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ ДАР АСОСИ ТАС ВА КОРШИНОСОНИ СОҲА
19 январи соли 2023 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии малакаҳои технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар бахшҳои соҳавӣ» барои фасилитаторони маводи таълимӣ ва коршиносон баргузор гардид.
Семинари мазкурро менеҷери лоиҳа ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба зарурияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсиони ба стандартҳои салоҳият ва маводи таълимӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки бо назардошти пешрафти илму техника ва автоматикунонии истеҳсолот, барои ҳар як мутахассис аз худ намудани малакаҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ зарур мебошад, чунки омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз шартҳо ва ё талаботи асосӣ барои бештари касбҳо, алалхусус барои касбҳои дар доираи Лоиҳа интихобгардида ба ҳисоб меравад. Маводи таълимӣ оид ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ элементҳои умумиро дар бар гирифта, вобаста ба касб ва бахшҳои инитихобшудаи иқтисодиёт мутобиқ карда мешавад.
Маърӯзачии семинари мазкур мушовири байналмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ Майра Амбросио ва дигар мутахассисони лоиҳа буданд. Мавсуф ба ҳозирин вобаста ба чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои рақамӣ, стандартҳо ва салоҳиятҳои соҳаи ТИК рӯнамоӣ пешкаш намуданд. Дар семинар ҳамчунин оид ба бахшҳои мушаххаси ТИК аз рӯйи касб, муаррифии соҳа/савдо/шуғл мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён вобаста ба онҳо фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд