БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ДОХИЛӢ
Баргузории маҷлиси дохилӣ вобаста ба муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
27 январи соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷаласа вобаста ба муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки ҳамаи мутахассисон баргузор гардид. Ҷаласаро менеҷери лоиҳа оғоз намуда, доир ба муҳиммияти тарбияи дурусти насли наврас ёдовар шуданд.
Менеҷер аз он ҷумла қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ доир ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакон ва наврасон дар оила ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша намуда, ба масъалаи мазкур аҳамияти махсус зоҳир мнамоянд.
Вобаста ба мақсад, мазмун, муқаррарот ва оқибатҳои риоя накардани қонуни мазкур ҳуқуқшиноси лоиҳа – Қосимов Муҳамммад-Алӣ баромад намуданд. Қосимов аз он ҷумла зикр карданд, ки Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.
Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Қонуни болозикр ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд