Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ҶАЛАСА ДОИР БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     ҶАЛАСА ВОБАСТА БА БАРРАСИИ ВАЗИФАҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
   Бо мақсади андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳои дар он овардашуда, дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷаласа баргузор гардид.
   Ҷаласаро менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳтавои Паём ва самтҳои он гуфта баромаданд. Менеҷер аз он ҷумла қайд намуданд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси он дурнамои фаъолият барои солҳои наздик муқаррар карда мешавад.
   Ҳамчунон вобаста ба вазифаҳои Паём ҳамоҳангсози СБТМ-08 – Маликов Таваккал баромад карда, самтҳои дахлдори онро баррасӣ ва тавассути рӯнамо муаррифӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид