СЕМИНАР ҶИҲАТИ ТАКМИЛИ ДОНИШҲО
СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “ТАКМИЛИ ДОНИШҲО ОИД БА ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ МОДУЛӢ ДАР АСОСИ ТАС"
Дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари дурӯза вобаста ба “Такмили донишҳо оид ба барномаҳои таълимии модулӣ дар асоси Таълим дар асоси салоҳият” (ТАС) барои таҳиягарони маводи таълимӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин такрори омӯзишҳои пешина ва такмили донишҳо дар самти таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ дар асоси ТАС мебошад.
Дар кори семинари мазкур роҳбари гурӯҳи мушовирон - мушовири байналмилалӣ оид ба рушди малакаҳо ва ҳамоҳангсоз оид ба омӯзиш рӯнамоиҳоро дар мавзуъҳои сохтори намунавии таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ, мафҳумҳои модулӣ, таҷрибаи ҷаҳонии таҳияи маводҳои таълимӣ дар асоси ТАС ва ғайра манзури иштирокчиён карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд