Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРГУЗОРИИ ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛӢ

                   ДАР ЛОИҲА ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛИИ КАСБҲОИ «МЕХАНИКИ БАРҚӢ ОИД БА ЛИФТҲО» ВА «ТАЪМИРГАРИ АСБОБҲОИ РӮЗГОР»
                                                                                                         ГУЗАРОНИДА ШУД
   16-17 феврали соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари дурӯза оид ба таҳлили функсионалии касбҳои «Механики барқӣ оид ба лифтҳо» ва «Таъмиргари асбобҳои рӯзгор» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин таҳияи харитаҳои функсионалии касбҳои зикргардида мебошад.
   Дар рафти кори семинар мутахассисони лоиҳа рӯнамоиҳоро доир ба методологияи таълим дар асоси салоҳият, тартиби таҳияи харитаҳои функсионалӣ барои касбҳои интихобшуда бо усули DACUM ва ворид намудани ҳассосияти гендерӣ дар таҳсилотро ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки қаблан дар лоиҳа бо иштироки кормандони соҳа 9 харитаҳои функсионалӣ таҳия гардида, дар асоси онҳо аллакай стандартҳои салоҳият таҳия шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид