Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Ҳифзи муҳити зист дар мадди назари Лоиҳа мебошад.

Дар доираи Лоиҳаи ”Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” сохтмони Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва Марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳифзи муҳити зист ва кафолатҳои иҷтимоӣ дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд қарор дошта, бо ин мақсад дар раванди сохтмони марказҳои болозикр низ таъсири эҳтимолии лоиҳа ба муҳити зист аз ҷониби мутахассисон ва ширкатҳои пудратӣ ба инобат гирифта мешавад.
Таъсири эҳтимолии лоиҳа бо истифода аз рӯйхати санҷиши арзёбии фаврии экологӣ (REA) ҳамчун категорияи экологии В гурӯҳбандӣ карда шудаст. Ҳамин тариқ, ташхиси ибтидоии экологӣ (IEE) барои объектҳои Лоиҳа мувофиқи қонун ва дастурҳои зерин омода карда шудааст:
(i) Эъломияи БОР оид ба сиёсати муҳофизатӣ (SPS, 2009) ва Сиёсати дастрасӣ ба иттилоот (AIP, 2018);
(ii) Дастурҳои Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) ва Бонки Ҷаҳонӣ (WB) оид ба муҳити зист, саломатӣ ва меҳнат (EНS);
(iii) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» №208 аз соли 2011 ва дигар қонуну қоидаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист.
Пас аз боздиди макон ба минтақаҳои сохтмонӣ, таъсири эҳтимолӣ таҳлил ва чораҳои кам кардани он муайян карда шуданд. Боздидҳо аз арзёбии мавзеъҳои пешниҳодшуда, инчунин муҳокимаҳо бо мақомотҳои ҳукумати маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ ва намояндагони деҳот гузаронида шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ таҳия шуда, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд. Хулосаи экспертизаи экологӣ ва иҷозат барои фаъолияти пудратчиён дастрас шуд. Инчунин, хулосаҳои бадастоварда ба мақомотҳои давлатии сохтмонии зарури барои баррасӣ ва мувофиқа ирсол карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид