ДАР ЛОИҲА ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ ГУЗАШТ
ДАР ЛОИҲА ҶАЛАСА ДОИР БА МУҚАРРАРОТИ ҚОНУН “ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН”
23 феврали соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷаласа вобаста ба мафҳум ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид.
Ҷаласаро менеҷери лоиҳа оғоз карда, аз он ҷумла қайд карданд, ки қабул гардидани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстримизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, бегонапарастӣ, ки ҳамагонро ташвиш медиҳанд, айни муддаост.
Вобаста ба мазмун ва ҳадафи қонуни мазкур ҳуқуқшиноси лоиҳа баромад карда, инчунин иброз доштанд, ки қабули ин қонун барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меоварад. Инчунин барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстивӣ, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, тақкими истиқлол ва амният аҳамияти калон дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд