Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

                                                                        БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
   Рӯзҳои 6-7 ва 9-10 марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд тренинг дар мавзӯи «Арзёбии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби мутахассисони лоиҳа барои кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиалҳои МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
   Дар тренинги номбурда мутахассисони лоиҳа вобаста мафҳуму моҳияти лоиҳа, хусусиятҳои хос ва моделҳои бозори меҳнат, арзёбии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши методологияи таълим дар асоси салоҳият дар омодасозии қувваҳои коргарӣ, Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳо ба иштирокчиён рӯнамоиҳо пешниҳод карданд.
   Зимни баромад мутахассисони лоиҳа аз он ҷумла ёдовар шуданд, ки бозори меҳнат яке аз категорияҳои мураккаби иқтисодӣ-иҷтимоӣ буда, ҷанбаҳои гуногунро ба мисли шуғли аҳолӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, омода кардани кадрҳо дар сатҳи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, мувофиқи талаботи корфармоён ва бозори меҳнати ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид