Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТРЕНИНГИ НАВБАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

                                   ТРЕНИНГ ВОБАСТА БА АРЗЁБИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
    Рӯзҳои 13-14 марти соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб барои кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тренинг дар мавзӯи «Арзёбии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби мутахассисони лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” баргузор гардид.
   Ҳадаф аз баргузории тренинг пешниҳоди мавзуҳои дар доираи лоиҳа баррасишаванда ба кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба мисоли методологияи таълим дар асоси салоҳият ва нақши он дар омодасозии қувваҳои коргарӣ, Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, моделҳои гуногуни бозори меҳнат ва дигар мавзуъҳо мебошад.
   Зимни баромад мутахассисони лоиҳа аз он ҷумла ёдовар шуданд, ки бозори меҳнат яке аз категорияи мураккаби иқтисодӣ-иҷтимоӣ буда, ҳамасола талаботу пешниҳодоти он бо рушди бемайлони илму техника иваз мешавад ва такмили донишу малакаҳои коргарӣ барои рақобатпазир мондан дар он аҳамияти калон дорад.
   Лозим ба ёдоварист, ки аллакай чунин тренингҳо дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид. Инчунин баргузории чунин силсилатренингҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид